Пайвандҳои дастрасӣ

Таркан, ситораи мусиқии попи Туркия дар ҷарёни як амалиёти зидди маводи мухаддир ҳамроҳ бо 9 нафари дигар боздошт аст.

Таркан, ки аз вай таври дигар ном бурда намешавад, бино ба хабарҳо, бо ҳамроҳонаш барои ҳамдастӣ бо ду қочоқчии маводи мухаддир боздошт шудаанд.

Кормандони ожонсии мубориза бо маводи мухаддир аз муддатҳо пеш бар фаъолияти онҳо назорат кардаанд. Гузоришҳо ҳокист, ки пулис аз хонаи Таркан дар берун аз Истанбул дар ноҳияе бо номи Омерлӣ миқдори ками ҳашиш кашф кардааст. То ҳол рӯшан нест, ки Тарканро дар хонааш боздошт кардаанд ё дар ҷои дигар. Беш аз як даҳсола Таркан ба ситораи саршиноси поп табдил шудааст ва аз фурӯши албомҳои таронҳояш дар Туркия ва Аврупо миллионҳо доллар ба даст овардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG