Пайвандҳои дастрасӣ

Суоли ҷиддии Русия роҷеъ ба "сипари зидди мушакӣ"


Вазорати корҳои хориҷаи Русия мегӯяд, ки роҷеъ ба нақшаҳои навини истиқрори сипари зидди мушакии Амрико дар Аврупо суолҳои ҷиддӣ дорад. Андрей Нестеренко-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Русия ин нақшаҳоро барои Аврупо хатарнок хонд ва гуфт, ки амнияти Аврупо ба таври якҷониба гаравгони таҳдиди мушакӣ хоҳад шуд. Ин суханон дар ҳоле садо медиҳад, ки ахиран Руминия изҳори омодагӣ кард, ки роҷеъ ба истиқрори сипари зидди мушакӣ дар қаламрави худ бо Вошингтон музокира анҷом хоҳад дод. Булғористон низ ба ин барнома алоқамандӣ нишон додааст.
XS
SM
MD
LG