Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамкории IFES ва сафорати Тоҷикистон дар интихобот


26-ӯми феврал дар Вошингтон Билл Свинӣ-раиси IFES ё Бунёди байналмиллалии низомҳои интихоботӣ бо Абдуҷаббор Ширинов-сафири Тоҷикистон дар Амрико тарҳи кӯмакҳои интихоботии ин бунёд ва гузоштани қуттии интихоботӣ барои рай додани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Амрикоро баррасӣ карданд. Қуттии райдиҳӣ 28-ӯми феврал дар рӯзи интихоботи порламонӣ дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Вошингтон гузошта мешавад ва дар он ҷо бар ҷараёни райдиҳии шаҳрвандони Тоҷикистон нозирони Бунёди байналмиллалии низомҳои интихоботӣ назорат хоҳанд кард. Дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ бунёди мазкур ба Тоҷикистон кӯмак кардааст.
XS
SM
MD
LG