Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти роҳбарони бузургтарин бозори Тошканд


Тибқи хабарҳои расида аз Узбакистон, беш аз 50 масъули яке аз бозорҳои бузурги шаҳри Тошканд мавсум ба «Корвонбозор» бо иттиҳоми сӯистифода аз мақом ва тороҷи амволи давлатӣ боздошт шудаанд.

Нуздаҳ корманди дигари ин бозор, ки пеш аз амалиёти боздошт фирор кардаанд, аз тарафи кормандони ниҳодҳои интизомии Ӯзбакистон ҷустуҷӯ мешаванд.

Як тоҷири «Корвонбозор»-и Тошканд, ки аз зикри номаш худдорӣ кард, ба радиои Озодӣ гуфт, баъд аз боздошти гурӯҳи раҳбарони бозор ҷои онҳоро шахсони дигар ишғол кардаанд.

Шораҳмат Аҳроров, соҳибкори дигари узбак, мутмаин аст, ки раҳбарияти нави «Кормонбозор» таҳти контроли ашхоси наздик ба идораҳои болоии ҳукумати Узбакистон кор мекунанд.

Вале ин тоҷирон мегӯянд, баъди иваз шудани раҳбарияти бозор шароит рӯ ба беҳбуд овардааст ва шумораи нозирони бозор низ хеле коҳиш ёфтааст.

«Корвонбозор» яке аз бузургтарин бозорҳои Узбакистон аст ва тоҷирон ва соҳибкорони соири вилоятҳои ин кишвар молу колои ин бозорро харидорӣ мекунанд ва дар дӯкону мағоза ба таври чакана мефурӯшанд.
XS
SM
MD
LG