Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 афсари дигар дар Туркия маҳкум шуданд


Додгоҳи Туркия чанд афсари дигари артишро барои талоши кудетои давлатӣ маҳкум кардааст. Ҳоло шумораи афсарони зиндонӣ ба 31 нафар расидааст. Додгоҳ дастур додааст, ки 11 афсари дигарро боздошт кунанд. Дар миёни онҳо ду адмирали дарёӣ ё дарёсолори фаъол ва як генерали мустаъфӣ низ ҳастанд. Интизор меравад, ки мурофиаи онҳо рӯзи ҷумъа сурат бигирад. Дастури додгоҳ баъд аз чанд соати раҳоии собиқ фармондеҳони нируҳои дарёӣ ва ҳавоии Туркия ва як генерали боломақом содир шуд. Онҳо бидуни муҷозот раҳо шуданд. Ба гуфтаи мақомот, интизор намеравад, ки онҳо ба ҷое фирор кунанд
XS
SM
MD
LG