Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи Кобул дастикам 14 нафар кушта шуд


Пулиси Кобул мегӯяд, имрӯз дар як силсила ҳамлаҳои ҳамоҳангшуда дар Кобул дастикам 14 нафар кушта, бештар аз 30 нафар маҷруҳ шудаанд. Раиси бахши ҷурму ҷиноёти пулиси Кобул мегӯяд, дар миёни афроди кушташуда шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд. Дар ин ҳамлаҳо, ки табодули оташ низ мушоҳида шуд, ду меҳмонхонаи хусусӣ дар маркази Кобул ҳадафи бамгузории интиҳорӣ қарор гирифтааст. Сухангӯи Толибон аз номи шӯришиён масъулияти ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст. Аз 18-ӯми январи соли ҷорӣ то ҳол ин нахустин ҳамла дар Кобул аст.
XS
SM
MD
LG