Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон


Дар ҷаласаи навбатии ҳукумати Тоҷикистон, ки дар Душанбе идома дорад, чанд тағйироти кадрӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Ба иттилоъи хабаргузории давлатии "Ховар", аз ҷумла, Абдуғаффор Раҳмонов аз муовинати раиси Кумитаи амволи давлатӣ озод гардида, муовини раиси вилояти Хатлон таъин шудааст. Хайрулло Маҳмадов муовини вазири энержӣ ва саноат ва Наргис Бойаҳмадова муовини аввали мудири оҷонсии иттилоотии «Ховар» таъин шудаанд. Комил Ҷӯраев намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Олмон ва Маҳмадӣ Тӯраев намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Эрон шудаанд.
XS
SM
MD
LG