Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА иддаои Эрон дар мавриди "Ҷундуллоҳ"-ро рад кард


Боздошти раҳбари гурӯҳи "Ҷундуллоҳ" Абдумалик Регӣ дар Эрон

Боздошти раҳбари гурӯҳи "Ҷундуллоҳ" Абдумалик Регӣ дар Эрон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иттиҳомоти мақомоти Эрон дар мавриди пуштибониии Вошингтон аз гурӯҳи ҷангҷӯёни суннимазҳаби мавсум ба “Ҷундуллоҳ”-ро рад кард.

Ҷон Салливан, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «ҳар гуна иддаои робитаи Иёлоти Муттаҳида бо гурӯҳи «Ҷундуллоҳ» ва ҳар амали терористии дигар дар Эрон пучу бемаъност». Вай афзуд, Амрико дар саросари ҷаҳон дар амалиёти зидди тероризм даргир аст ва аз ҳеҷ навъ фаъолияти терористӣ пуштибонӣ намекунад.

Ахиран нерӯҳои ҳавоии Эрон як ҳавопаймои мусофирбари Қирғизистонро, ки озими Дубай буд, ба фурӯдоӣ водор намуда, раҳбари ҷангҷӯёни суннитабори Эрон Абдумалик Региро дар ин ҳавопаймо боздошт карданд.

Ба гуфтаи Ҳайдар Муслиҳӣ, вазири умури зиддиҷосусии Эрон, Регӣ дар ҷараёни бозпурсӣ иқрор шудааст, ки қаблан ба якчанд кишвари аврупоӣ сафар кардааст ва як рӯз қабл аз боздошт дар пойгоҳи низомии амрикоӣ дар Афғонистон будааст. Ҳангоми боздошт аз ӯ шиносномаи қалбакии афғонӣ ёфтаанд.

Вазири умури зиддиҷосусии Эрон дар як нишасти матбуотӣ дар ин робита Амрико ва Аврупоро дар равобит бо гурӯҳи «Ҷундуллоҳ» ва ба мудохила дар умури Эрон айбдор кард.

Гурӯҳи тундрави "Ҷундуллоҳ" ва ё "Сарбози худо" яке аз мухолифони аслии ҳукумати Эрон аст ва асосан дар минтақаҳои суннинишини Систону Балуҷистон фаъолият мебарад. Ин гурӯҳ дар гузашта дар як силсила ҳамалот анҷом додааст, ки хунинтаринаш ҳамлаи моҳи феврали соли 2007 буд, ки 13 сарбози Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эронро дар Зоҳидон кушта ба ҷо гузошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG