Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боз як таркиш дар маркази Кобул


Ин субҳ дар маркази Кобул инфиҷор рух дод. Кормандони полиси Афғонистон гуфтанд, ки як маргталаб худро дар канори бузургтарин маркази тиҷоратии пойтахт тарконидааст. Дар бораи қурбониёни ҳодиса ҳанӯз иттилоъе зери даст нест. Гуфта мешавад, ки субҳи рӯзи ҷумъа теъдоди ками шаҳрвандони ба ин маркази тиҷоратӣ омада буданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, баъд аз таркиш кормандони полис бо нафарони мусаллаҳ вориди даргирӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG