Пайвандҳои дастрасӣ

Вошингтон робитааш бо "Ҷундуллоҳ"-ро рад кард


ИМА бори дигар иттиҳомоти мақомоти Эрон дар мавриди пуштибонияш аз гурӯҳи суннимазҳаби мавсум ба “Ҷундуллоҳ”-ро рад кард. Теҳрон Вошингтонро дар равобит бо ин гурӯҳ баъд аз боздошти раҳбари он Абдумалик Регӣ айбдор намуд. Ҳайдар Муслиҳӣ, вазири умури зиддиҷосусии Эрон, ахиран изҳор намуд, Регӣ дар ҷараёни бозпурсӣ иқрор шуд, ки як рӯз қабл аз боздошт дар пойгоҳи низомии амрикоӣ дар Афғонистон буд. Ҳангоми боздошт аз ӯ шиносномаи қалбакии афғонӣ ошкор шуд.
Намояндаи вазорати дифоъи ИМА Ҷефф Моррел изҳороти ахири Теҳронро “тарғиботӣ” номид. Ӯ гуфт, ИМА бо “Ҷундуллоҳ”, ки масъулияти инфиҷори пурқурбонӣ дар ҷанубу шарқи Эрон дар моҳи октябри соли гузаштаро бар дӯш гирифтааст, ҳеҷ робитае надорад. Дар он ҳодиса афсарони воломақоми Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба ҳалокат расида буданд.
XS
SM
MD
LG