Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович аввал ба Брюссел сафар мекунад


Нахустин сафари расмии Виктор Янукович, раисиҷумҳури тозаинтихоби Украина, рӯзи 1 март ба Брюссел сурат мегирад. Дар ин бора Анна Герман, муовини раиси маъмурияти раисиҷумҳури нави Украина хабар дод ва афзуд, ки сарвари давлат баъдан, 5 март, аз Русия боздид хоҳад кард. Раиси Парлумони Аврупо Ежи Бузек, ки дар маросими савгандёдкунии Виктор Янукович ширкат дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, “ман басо хушнудам, ки раисиҷумҳур Янукович аввал ба Брюссел сафар мекунад. Ин барои раисиҷумҳур Янукович гоми муҳим аст. Ӯ паём медиҳад, ки Иттиҳодияи Аврупо барои Украина муҳим мебошад”.
Виктор Янукович, ки дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ аз болои сарвазир Юлия Тимошенко пирӯз шуд, дирӯз расман ба ифои вазифаи раисиҷумҳури Украина шурӯъ кард. Дар маросими савгандёдкунии Янукович вакилони пуштибон аз Тимошенко ва раисиҷумҳури акнун собиқ Виктор Юшенко ширкат надоштанд. Виктор Янукович дар зиёфати баъд аз анҷоми маросими тантанавӣ ваъда дод, ки дар Украина ислоҳоти густардаро ба роҳ мемонад.
XS
SM
MD
LG