Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократҳову ҷумҳурихоҳон ба созиш нарасиданд


Дар музокироти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама бо раҳбарони Конгресс дар мавриди ислоҳоти сохтори бимаи тиббӣ, миёни намояндагони Ҳизби демократ ва Ҳизби ҷумҳурихоҳон созиш ҳосил нашуд. Дар ин мулоқот, ки дар Вошингтон шаш соат идома кард, ҷумҳурихоҳон боз ҳам ба тарҳи ислоҳоти пешниҳодкардаи раисиҷумҳур мухолифат карда гуфтанд, ки он барои буҷаи давлатӣ ва шаҳрвандон бори гароне хоҳад шуд.
Теъдоди демократҳо дар ҳарду палатаи Конгресс бештар аст, ва аммо тавозуни нерӯҳо дар Сенат ба ҷумҳурихоҳон имкон медиҳад, ки аз қабули тарҳи қонун ҷилавгирӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG