Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду генерали гумонбар боздоштгоҳро тарк карданд


Ба иттилоьи хабаргузориҳои Туркия, фармондеҳони собики нерӯҳои ҳавоӣ ва дарёии кишвар, баъд аз пурсуҷӯ дар робита ба кӯшиши эҳтимолии табодулоти давлатӣ, раҳо карда шуданд. Озден Орнек ва Иброҳим Фиртина ҳамроҳ бо гурӯҳи бузурги низомиёни баландмақом дар таҳияи табодулоти давлатӣ дар соли 2003 гумонбар дониста мешаванд.
Ин ду афсари олирутба боздоштгохро чанд соат баъд аз он тарк намуданд, ки раисиҷумҳури Туркия Абдулло Гул, нахуствазири кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва фармондеҳи артиши кишвар генерал Илкер Басбур дар бораи ҳосили созиш оиди дар чаҳорчӯби Қонуни асосӣ ҳаллу фасл кардани қазияи низомиёни муттаҳам дар талоши табодуллоти давлатӣ хабар доданд. Айни замон равшан нест, ки Озден Орнек ва Иброҳим Фиртина рӯзи мурофиа дар додгоҳ ҳозир хоҳанд шуд ё на ва аммо додгустар сабаби раҳояшонро бо он омил марбут кардааст, ки хатари аз кишвар фирор кардани онҳо мавҷуд нест.
XS
SM
MD
LG