Пайвандҳои дастрасӣ

Австралия хостори ташреҳи сафири Исроил шуд


Мақомоти Австралия сафири Исроил дар кишварро барои ташреҳи истифодаи асноди шаҳрванди Австралия аз сӯи гумонбарон дар қатли Маҳмуд Ал-Мабҳуҳ, яке аз раҳбарони гурӯҳи фаластинии ҲАМАС, даъват карданд. Ал-Мабҳуҳ рӯзи 20 январ дар Дубай кушта шуд. Полиси Дубай ному насаби 26 гумонбари ин кушторро нашр кард, ки бештари онҳо бо худ шиносномаҳои кишварҳои ғарбӣ ва, аз ҷумла, як нафар асноди шаҳрванди Австралияро доштанд. Дар куштори Маҳмуд ал-Мабҳуҳ МОССАД - хадамоти кашфи Исроил гумонбар мешавад. Ва аммо мақомоти Исроил аз тайид ваё такзиби ин иттиҳом сарпечӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG