Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 21 нафар дар сӯхторе дар Бангладеш


Бар асари оташсӯзӣ дар як корхонаи бофандагии Бангладеш 21 нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 50 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, бештари қурбониёни ҳодиса – занҳоянд. Сабабҳои сӯхтор дар бинои шашқабатаи корхонаи бофандагии шаҳри Ғозипур, воқеъ дар шимоли пойтахти кишвар Дакка, ҳанӯз маълум нест ва аммо, ба иттилоъи расонаҳо, дар ҳазорон корхонаҳои бофандагии Бангладеш талаботи ҷилавгирӣ аз оташсӯзӣ ва ҳифзи меҳнат риоя намешавад.
XS
SM
MD
LG