Пайвандҳои дастрасӣ

Тағйири мавқеъи як ҷиноҳи суннимазҳаби Ироқ


Ҷабҳаи Муколамаи Миллии Ироқ як ҷиноҳи бузурги сиёсии суннимазҳабон имрӯз гуфт, интихоботи порлумонии рӯзи 7 мартро бойкот нахоҳад кард. Рӯзи шанбе ин созмон гуфт, бинобар нуфузи Эрон ба як ниҳоди нозири давлат, ки пештар садҳо довталабаро ба интихобот роҳ надод, интихоботро бойкот хоҳад кард. Солеҳ Ал-Мутлақ – раҳбари Ҷабҳаи Муколамаи Миллии Ироқ имрӯз зимни нишасти хабарие дар Бағдод гуфт: Баъди мулоқотҳои зиёд бо бародаронамон дар раҳбарияти эътилофи Ал Ироқия ва даъватҳои зиёди тарафдоронамон барои додани як шанси дигар ба онҳое, ки мехоҳанд, барномаҳои моро аз зер вайрон кунанд, мо дар Ҷабҳаи Миллии Муколамаи Ироқ тасмим гирифтем, ҳамроҳ бо бародарони худ аз эътилофи Ал Ироқия дар интихобот фаъолона ва қотеъона ширкат кунем." Ҷабҳаи Миллии Муколама ҳоло дар порлумони Ироқ 11 намоянда дорад ва таҳдиди он барои таҳрими интихобот машрӯъияти ин корзори муҳими таҳти суол мебурд. Солеҳ Ал-Мутлақро ниҳоди нозире бо иттиҳоми иртиботаш ба Ҳизби Баъси Саддом Ҳусайн аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум карда буд. Иддаъое, ки вай рад мекунад.
XS
SM
MD
LG