Пайвандҳои дастрасӣ

Панҷ соли пеш инқилоби норанҷии Украина Виктор Юшенкоро сари қудрат овард ва инак баъди пирӯзии рақиби деринааш Виктор Янукович дар интихоботи ахир, ӯ ин мақомро тарк кард.

Дар муддати ин солҳо Виктор Юшенко пасту баландиҳои зиёдро пушти сар карда, дар таърихи навини Укранина ба ҳайси як раҳбари баҳсбарангезе нақш хоҳад баст. Юшенко мақоми баландтаринро тарк мекунад ва кишварашро ғарқи бӯҳрони шадиди иқтисодӣ, дар ҳолати фалаҷи сиёсӣ ва мардумро ноумед аз ҳосили инқилоби норанҷӣ мемонад.

“Юшенко! Юшенко! Юшенко!”

Бо чунин садоҳо панҷ соли пеш эътирозгарони режими Кучма аз тақаллуби натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва бо даъват ба сари қудрат омадани Виктор Юшенко дар майдони истиқлолияти шаҳри Киев раҳпаймоӣ мекарданд. Бознигарӣ шудани натиҷаҳои интихобот, ки ба бовари мухолифину эътирозгарон тақаллуб шуда буд, роҳи Юшенкоро ба қудрат ҳамвор кард ва ҳоло бо нигоҳ ба рӯйдодҳои он солҳо таҳлилгарон мегӯянд, ки нуқтаи авҷи шӯҳрату эътибори ӯ маҳз дар ҳамон давра будааст. Таҳаввулоти Украина дар қаламрави шӯравии пешин он замон чун нафаси тозае дар фазои саросар худкома арзёбӣ мешуд.

Тааҳҳуди аслии Юшенко дар мақоми баландтарини ҳукуматӣ решаканкунии ришват, муқобила бо ҷинояткорӣ ва ба самти Аврупо нигаронидани Украина будааст. Вале бар иваз, ӯ аввалин соли худро ба унвони раҳбар дар сафарҳои хориҷӣ гузаронда меҳмони олимақоми Ғарбу Аврупо будааст. Олеҳ Рибачук, мубаллиғи Юшенко ва баъдан раиси ситоди президенти Украина мегӯяд: “Ӯ як коре карда метавонист: метавонист конститутсияро нав кунад, интихоботи пеш аз вақти парлумониро даъват карда дар авҷи маъруфияти худ масъалаҳои муҳими кишварро ҳаллу фасл кунад. Аммо дар ниҳоят чунин шуд, ки вай беҳтарин солҳои раёсатҷумҳурии худро барбод дод”.

Тақрибан дар ҳамон солҳои аввали раҳбариаш марҳилаи аслии мухолифатҳои ӯ бо муттафиқи инқилобиаш нахуствазир Юлия Тимошенко шурӯъ шуд. Рибачук мегӯяд, ки дараҷаи бадбиниву мухолифати ӯ ба Тимошенко, ки аз оғоз ҷоҳталабиҳои худро барои ишғоли курсии президентӣ пинҳон намекард, то рафт афзоиш ёфта гӯё ӯро васвосӣ карда буд: Юшенко ҳама масъалаҳои муҳимро як сӯ гузошта ба ҳамлаву кӯшиши саркӯби рақибаш машғул шуд. Дар ниҳояти амр ҳамин бадбиниву мухолифатҳои ошкоро буд, ки маъруфияти президент дар муқобили нахуствазири сарсахту боҳушаш паст шудан гирифт.

Вале дар айни замон, назар ба мушоҳидаи таҳлилгарон, тавони Юшенко барои тақвияти мавқеи кишвараш дар сиёсати байналмилалӣ афзоиш ёфт ва ӯ ҳамаҷониба талош кард аз Маскав рӯ гардонда роҳи Киевро барои узвияти НАТО ҳамвор кунад, бо вуҷуди ин ки ин мавқеи ӯро дар манотиқи шарқии русгарои Украина тарафдорӣ намекарданд. Ин буд, ки Маскав дар ниҳоят қарордодҳои фурӯшу транзити газро ба Аврупо тавассути хоки Украина ба самти афзоиши қиматҳо ва шадидтар кардани шароити пардохти қарзҳо бознигарӣ кард. Баҳсҳои газӣ, қатъ шудани интиқоли он ба Аврупо ва дар сардиҳои шадид бегаз мондани қисмати аъзами ин қора ба эътибори Юшенко зарбаи шадиди дигар зад.

"Як дастовард бо вуҷуди ҳама бохт"

Мояи дигари нороҳатии Маскав аз Киев ин кӯшиши бознигарӣ кардани рӯйдодҳои таърихӣ дар мисоли гуруснагии шадиди солҳои 1932-33–и Украина, мавсум ба “Ҳолодомор” ва ба мартабаи қаҳрамони миллӣ боло бурдани мақоми Степан Бандера, фармондеҳи нирӯҳои шӯришии Украина гардид, ки ба қавли русҳову антифашистҳо аз тарафдорони режими нозӣ будааст. Дар ниҳоят, фосилаи миёни Русияву Украина боз ҳам амиқтар ва мухолифатҳои сиёсии ин дуро ба авҷи аълояш расонд.

Ҷомеашинос Ирина Бекешина мегӯяд: "Аз назари вай, дар ташаккулёбии як миллат бояд бунёди арзишҳои миллӣ бар асоси таърихи гузаштаи он хеле муҳим бошад. Вале ин консепсияи ӯро миллат қабул накард, чунки онҳо мехоҳанд имрӯзу фардо зиндагӣ кунанд".

Дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Украина имсол барои Юшенко танҳо панҷ дар сади ҷомеаи кишвараш овоз дод. Ҳоло баъди тарки мақом кардани ӯ Украина ҳамоно бо мушкили фасоди шадид ва сартосарӣ, бӯҳрони иқтисодӣ рӯбарӯ буда раҳбарияти сиёсии кишвар дучори бунбаст шудааст. Садои онҳое, ки мегӯянд, ормонҳои инқилоби норанҷӣ иҷроношуда монду эътимоди онҳо ба ҳама гуна тағйироти бунёдӣ дар сиёсату иқтисоди кишвар коҳиш ёфтааст, баландтар шудааст. Вале бо ин вуҷуд, мегӯянд таҳлилгарон, муҳимтарин дастоварди ӯ дар таърихи навини Украина ин хоҳад буд, ки ӯ тавонист барои муддати муваққат нирӯҳои мухолифинро ба ҳам оварда деворҳои гандидаи маъмурияти Кучмаро хароб кунад, вагарна ин кишвар бо роҳи Беларусияи ҳамсоя гом мебардошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG