Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти раҳбарони сиёсиву низомии Туркия


Раиси ҷумҳур, нахуствазир ва фармондеҳи артиши Туркия имрӯз гуфтанд, танишҳо дар мавриди табаддулоти мазнуни давлатӣ бояд аз роҳи қонунӣ рафъ шавад. Абдуллоҳ Гул - раиси ҷумҳур, Раҷаб Тайиб Эрдӯғон – нахуствазир ва Илкер Басбур - фармондеҳи артиши Туркия, баёнияи расмиеро баъди як мулоқоти сесоата нашр карданд. Маъмурони амниятӣ даҳҳо афсари артишро бо иттиҳоми тарҳрезии табаддулоти давлатӣ барои сарнагун кардани ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдӯғон дар соли 2003 боздошт кардаанд. Ба 20 нафари онҳо аз ҷумла ба панҷ адмирал ва се генерал расман иттиҳом эълом кардаанд ва дар боздошт нигаҳ медоранд. Боздошти афроди баландпояи низомӣ, боиси таниш миёни артиш ва ҳукумат шуд, ки аввали худро муҳофизи низоми дунёвии Туркия медонад ва дуввумӣ решаҳои исломӣ дорад. Дар баёнияи муштарак омадааст, ки ҷомеа бояд мутмаин бошад, ки ин масъала аз роҳи қонунӣ ҳал хоҳад шуд ва ҳар нафар бояд тавре иқдом намояд, ки ниҳодҳо осеб набинанд.
XS
SM
MD
LG