Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози қирғизҳо аз афзоиши қимати нерӯи барқ


Ҳудуди 600 нафар аз сокинони вилояти Нарини Қирғизистон алайҳи боло бурдани қимати нерӯи барқ дар ин кишвар эътироз карданд. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, тазоҳуроти эътирозӣ дар боғи марказии шаҳри Нарин баргузор шуда ва тазоҳургарон шиор медоданд, ки наметавонанд пули барқро бипардозанд ва ҳукумат бояд ба онҳо гӯш бидиҳад. Ин тазоҳургарон бо қабули муроҷиатномае ба ҳукумат ва порлумон хостаанд, то қимати нерӯи барқро поён баранд. Онҳо ба мақомти Қирғизистон даҳ рӯз мӯҳлат додаанд, то талаби онҳоро баррасӣ кунанд. Мири шаҳри Нарин ба онҳо ваъда додааст, талаби онҳоро ба ҳукумати марказӣ хоҳад расонд.
XS
SM
MD
LG