Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулло Бародар ба Афғонистон истирдод мешавад?


Ҳукумати Афғонистон аз Покистон хостааст, то Мулло Абдулғанӣ Бародар – фармондеҳи дуввуми Толибонро, ба Афғонистон истирдод кунад, ки ӯро моҳи гузашта дастгир карданд. Зиморой Башарӣ - сухангӯи вазорати умури дохилаи Афғонистон, гуфт, кишвараш ва Покистон рӯзи чаҳоршанбе дар мавриди истирдоди Мулло Бародар “усулан тавофуқ” кардаанд. Зиморой Башарӣ афзуд, Мулло Бародар яке 42 нафар, аз ҷумла дигар фармондеҳони Толиб аст, ки Афғонистон, хостори истирдоди онҳо аз Покистон мебошад. Мулло Бародар, ки баъди Мулло Умар раҳбари дуввуми Толибон буд, аввали ҳамин моҳ дар шаҳри Карочии Покистон дастгир шуд.
XS
SM
MD
LG