Пайвандҳои дастрасӣ

Маросими адои савганди расмии Виктор Янукович


Виктор Янукович имрӯз ба ҳайси раиси ҷумҳури нави Украина савганд ёд кард. Маросими адои савганди ӯ дар порлумон ва дар ҳузури меҳмонони хориҷӣ баргузор шуд. Вай зимни адои савганди расмӣ садоқати хеш ба ватанро иброз дошт ва гуфт, аз ҳуқуқу манофеъи мардуми кишвараш ҳимоят хоҳад кард. Виктор Янукович дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 7 феврал бар рақибаш нахуствазир Юлия Тимошенко – пирӯз омад. Аммо хонум Тимошенко, эълом кард, ки дар интихобот тақаллуб шудааст ва натиҷаҳои онро напазируфт. Вай имрӯз дар маросими адои савганд ҳузур надошт. Интизор меравад, ки Виктор Януковичи 59-сола, муносиботи Украинаро бо Русия наздиктар ва ҳамчунин онро ба самти ҳамоиш ба Аврупо равон хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG