Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович савганд ёд кард


Раҳбари ҳизби "Минтақаҳо"-и Украина, Виктор Янукович имрӯз ба ҳайси раиси ҷумҳури мунтахаби Украина савганд ёд кард. Вай дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Украина дар рӯзи 7 феврал бар рақибаш, нахуствазир Юлия Тимошенко пирӯз омада буд.

Интизор меравад, ки Виктор Януковичи 59-сола, муносиботи Украинаро бо Русия наздиктар ва ҳамчунин онро ба самти ҳамоиш ба Аврупо равон хоҳад кард. Виктор Янукович қавл дод, ки аз истиқлол ва соҳибихтиёрии кишвараш ҳифозат хоҳад кард.

Дар расми савганди Янукович дар Верховная Рада, парлумони Украина, раҳбарони 11 кишвар, вазирони умури хориҷаи 15 давлат, раисони парлумони чаҳор кишвар ва раҳбарони чаҳор созмони бонуфузи байнулмилалӣ ҳузур доштанд. Ҳайати Иёлоти Муттаҳидаро дар ин маросим ёвари раисиҷумҳур дар умури амнияти миллӣ Ҷеймс Ҷонс сарварӣ мекунанд.

Дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Украина раиси Ҳизби минтақаҳо Виктор Янукович тақрибан 49 дар сади раъйҳоро соҳиб шуда буд. Аз рақиби ӯ - сарвазири феълӣ Юлия Тимошенко севу ним дар сад камтари раъйдиҳандагон пуштибонӣ карданд.

Чаҳорумин раисиҷумҳури Украина аз имрӯз расман ба ифои вазифа шурӯъ хоҳад кард.

Ukraine's President Inauguration
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00
XS
SM
MD
LG