Пайвандҳои дастрасӣ

Эъломи иттиҳом алайҳи ҳафт афсари дигари Туркия


Додгоҳи Туркия имрӯз ҳашт афсари низомии дигарро ба талош барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ дар ҳафт соли пеш муттаҳам кард. То кунун 20 афсар, аз ҷумла ду адмирал ва ду генерали туркро бо иттиҳоми тарҳрезии табаддулоти мазнун дар соли 2003 муттаҳам кардаанд. Маъмурони амниятии Туркия аввоили ин ҳафта 50 узви артиши кишварро бо иттиҳоми даст доштан дар таҳияи ин табаддулот боздошт карданд. Боздошти афроди баландпояи низомӣ, боиси таниш миёни артиш ва ҳукумат шуд, ки аввали худро муҳофизи низоми дунёвии Туркия медонадва дуввумӣ решаҳои исломӣ дорад. Қарор аст, имрӯз раиси ҷумҳури Туркия бо фармондеҳи артиш ва нахуствазир танишҳои мавҷудро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG