Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори президент Раҳмон бо нозирони САҲА


Омодагӣ ба интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе мавзӯъи дидори Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо гурӯҳи нозирони САҲА дар шаҳри Душанбе буд.

Дар ин мулоқот раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ин ҷумҳурӣ чун узви САҲА аз иштироки нозирони ин созмон ва созмонҳои дигари байналмилалию минтақавӣ дар интихобот истиқбол мекунад, чунки ин «ба озоду шаффоф ва демократӣ гузаштани ин маъракаи муҳими сиёсӣ мусоидат мекунад.»

Эмомалӣ Раҳмон ба нозирони САҲА гуфтааст, «ҳукумати Тоҷикистон омода аст, то бо ҳар номзад ва ҳизби сиёсӣ, ки бо иродаи мардум интихоб мешавад, ҳамкории созанда дошта бошад».

Дар торнамои расмии раисҷумҳури Тоҷикистон омадааст, дар ин мулоқот аз рафти маъракаҳои тарғиботии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои алоҳида, истифода аз воситаҳои ахбори умум ва риояи қонунгузорӣ дар маҷмўъ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон илова кардааст, ки то имрўз ягон шикояти ҷиддӣ дар бораи вайронкунии қонунгузории интихобот, ки ба демократию шаффоф гузаштани ин маърака монеа эҷод кунад, ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, ахиран гурӯҳи нозирон аз САҲА дар гузориши дуввуми худ гуфтанд, дар саросари Тоҷикистон маъракаи начандон фаъоли интихоботӣ ҷараён дорад. Аз нигоҳи муаллифон, аксар вақт мулоқоти номзадон бо раъйдиҳандагон аз рӯи ҷадвали комиссияҳои ноҳиявии интихоботӣ баргузор мешавад ва аммо гоҳо талоши аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои инфиродӣ барои ташкили мулоқотҳои мустақилона бо монеаи маъмурони интихоботӣ рӯбарӯ мешавад.

Нозирон гуфтанд, чанд ҳизби сиёсии Тоҷикистон ин ниҳодро дар бораи эҳтимоли монеагузории мақомот, ҳамчунин мудохилаи кормандони умури дохила ва истифода аз захираҳои ҳизби ҳоким барои пешбурди таблиғоти интихоботӣ огоҳ кардаанд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъпурсии Тоҷикистон низ ба ин гузориш вокнуиш нишон дод ва гуфт, “гузориш... дар мавриди баҳо додан ба баррасии арзу шикоятҳо дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро дар ҳайрат гузошт. Ин дар ҳолест, ки намояндагони ин созмон дар баррасӣ ва ҳаллу фасли арзу шикоятҳо дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва мақомоти додгоҳӣ пайваста ширкат мекунанд, андешаҳои худро иброз медоранд ва фикру мулоҳизаҳои онҳо, ки ҷавобгӯи талаботи қонунгузории мо ҳастанд, ба инобат гирифта мешавад”.
XS
SM
MD
LG