Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Меваву сабзавоти тоҷикӣ дар Маскав


Чаҳор корхонаи коркарди мева ва сабзавоти Тоҷикистон дар намоишгоҳи байнулмилалии саноати ғизо ва нӯшока мавсум ба ПродЭкспо-2010, ки ахиран дар Маскав баргузор шуд, аз ин кишвар намояндагӣ карданд.

Ҳабдаҳумин намоишгоҳи байнулмилалии саноати хӯрока ва нӯшока - ПродЭкспо-2010 ҳар бо мусоидати ҳукумати шаҳри Маскав ва Палатаи тиҷорат ва саноати Русия доир мешавад. Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар бузургтарин намоишгоҳи маҳсулоти хӯрока дар ҳудуди собиқ Шӯравӣ, ки намояндагони тақрибан 60 кишвари ҷаҳонро гирд овардааст, бо кӯмаки молӣ ва фаннии Оҷонсии олмонии ҳамкории фаннӣ (GTZ) имконпазир гардид.

Малика Маҳкамова, як масъули лоиҳаи «Дастгирии соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон» (GTZ) мегӯяд, бо назардошти ниёз ба вуруди сареътар ба бозори кишварҳои дигар, қабл аз ҳама Русия ва Қазоқистон, иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар чунин як намоишгоҳ барои ин корхонаҳо имконоти хуби муаррифии маҳсулоти худ ва дарёфти харидорон ва ҳамкорони нав дар хориҷ аз кишварро фароҳам меоварад.

Хонум Маҳкамова бар ин назар аст, ки намоишгоҳ барои корхонаҳои Тоҷикистон имкони хубест, то маҳсулоти худро ба доираи васеъи истеъмолкунандагон дар Русия, Аврупои Шарқӣ ва Ғарбӣ нишон бидиҳанд. Ба қавли ӯ, ин намоишгоҳ имкон медиҳад, то корхонаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои хориҷӣ робитаҳои мутақобилан судманд барқарор намоянд ва ҳамзамон, бино бар рақобати шадид дар бозорҳо онҳоро ба чолиш мекашад.

Аз ҷониби корхонаҳои Тоҷикистон намудҳои гуногуни маҳсулот барои намоишгоҳ омода шудааст, ки ба гуфтаи раҳбарони ин корхонаҳо, ба онҳо имкони воқеъии пешбурди тиҷорати худ дар бозорҳои беруна, дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ ва роҳҳои нави фурӯшро фароҳам меорад.

Оҷонсии олмонии ҳамкории фаннӣ (GTZ) оҷонсиест, ки рушди босуботро дар саросари ҷаҳон дастгирӣ менамояд. GTZ пешрафти босуботи сиёсӣ, иқтисодӣ, зистмуҳитӣ ва иҷтимоиро дар шароити глобализатсияи ҷаҳонӣ дастгирӣ мекунад. Ҳадафи аслии оҷонсӣ - беҳбудии шароити зиндагӣ мебошад. Дафтари ҳамоҳангсозии GTZ дар Душанбе аз соли 1996 фаъол аст.
XS
SM
MD
LG