Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Вахш» аз Ҷоми раисҷумҳури Туркманистон бенасиб монд


Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, бо вуҷуди он ки дар бозии севумаш дар сабқати гурӯҳии Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон бар тими «Ганҷасар»-и Арманистон бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард, аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ маҳрум гашт.

Бозии футболбозони тоҷику арман 24-уми феврал дар варзишгоҳи «Ахал»-и шаҳри Ободони Туркманистон баргузор шуд. Ҳисобро дар ин дидор Артак Осеян, бозигари арман, дар дақиқаи 7-ум кушод. Вале футболбозони тоҷик аз ин рӯҳафтода нашуда, ду гол ба самар расонданд. Баҳодур Шарипов дар дақиқаи 25-ум ҳисобро баробар кард. Голи ҳалкунандаро Рустам Усмонов дар дақиқаи 75-ум ба ҳадаф расонд.

Вале дастаи «Вахш», ки дар ду бозии пешин аз тими «Олтин асир»-и Ишқобод, барандаи Ҷоми Туркманистон, ва
мунтахаби бошгоҳҳои Туркия бо ҳисоби якхелаи 0:2 шикаст хӯрда буд, бо се имтиёз дар гурӯҳи «А» ҷои севумро касб кард ва аз идомаи мубориза барои Ҷоми президенти Туркманистон маҳрум гашт. Дастаи «Олтин асир», ки дар ҳарсе бозӣ ғолиб омад, бо 9 имтиёз дар ҷои аввал қарор гирифт. Мунтахаби бошгоҳҳои Туркия бо 4 имтиёз дуввум шуд. Ҳарду даста ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар гурӯҳи «В» пеш аз даври охирини бозиҳо, ки 25-уми феврал доир мешавад, «Оқҷепес»-и Қазоқистон ва «Экранас»-и Литва бо 4-имтиёзӣ пешсафанд. «Небитчӣ»-и Балканободи Туркманистон бо 3 имтиёз дар ҷои севум аст. «Абдиш- Ота»-и Қирғизистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шудааст.

Бар асоси низомномаи мусобиқа аз ҳар гурӯҳ ду дастаӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Ғолибони он ба бозии ниҳоӣ, ки 28-уми феврал дар варзишгоҳи «Олимпӣ»-и Ишқобод баргузор мешавад, роҳхат мегиранд. Дастаҳои мағлубшудаи даври ниманиҳоӣ барои ҷои севум мубориза мебаранд.

Маблағи ҷавоизи ин мусобиқот 35 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон ва 20 ҳазор доллар супурда мешавад. Дастае, ки мақоми дуввумро касб мекунад, бо 10 ҳазор доллар ва дастае, ки дар ҷои севум қарор мегирад, бо 5 ҳазор доллар мукофотонида хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG