Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон, баҳси Тоҷикистон ва Узбакистон дар масъалаи Роғун ва нигарониҳо аз мингузорӣ дар марз бо Тоҷикистон тавассути кишвари ҳамсояааш Узбакистон, идомаи қазияи додгоҳии се нашрияи мустақил - «Озодагон», «Фараж» ва Азия плюс», натоиҷи сафари Ҳолбрук ба Душанбе ва ғ. аз мавзӯъоте аст, ки дар нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе бозтоб шудаанд.

«Муборизаҳои коғазӣ», унвони матлабест дар нашрияи «Озодагон», ки дар он аз фазои сарду орому сокити корзори интихоботи парлумонӣ интиқод шудааст. Нашрия ин суолро матраҳ кардааст, ки «Чаро аҳзоби сиёсии Тоҷикистон танҳо бо «коғазчаспонӣ» машғуланду, аз технологияи нави сиёсӣ истифода намекунанд?». Ба навиштаи нашрия, чунин ба назар мерасад, ки интихобот танҳо барои ду ҳизб – ҳизби ҳокими халқӣ - демкорат ва ҳизби наҳзати исломӣ тааллуқ дошта бошад. Дар ин матлаб мехонем, «дар ҳоле, ки ин ҳизбҳо, ҳатто ҳизби наҳзат бар иловаи мошинҳои таблиғкунанда ва баландгӯяк, дар ноҳияҳои кӯҳистонӣ аз технологияи «бобоӣ» - аспу ароба истифода мекунад», аммо аҳзоби дигар на танҳо аз технологияи нави интихоботӣ, балки ҳатто аз аз имконияти ройгони пешниҳодшудаи телевизион истифода намебаранд. Албатта, нашрия ба нақл аз бархе аз ин ҳизбҳо, ба хусус ҲИИТ ва ҲАТ ин иқдомотро гӯё «самореклама» кардани корҳои хеш донистааст.

«СССР» дар матлаби «Интихобот - маъракаи маҳалгароӣ?» аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки мутаассифона, пешниҳоди номзадҳо ва ё номзад кардани худи бархе аз афрод дар ҳавзаҳои интихоботӣ зуҳуроти маҳалгароӣ дар кишварро густариш додааст. Ин аст, ки дар матлаб омадааст, «ба таҳқиқ имрӯз дар куллия ҳавзаҳои интихоботӣ пойдевори микромаҳалчигӣ гузоштан дорад. Метавон даҳҳо номзадро мисол овард, ки бо такя ба маҳаллаашон таблиғ мебаранд ва бо ҳамин мехи нифоқро ба сутуни Миллат мекӯбанд». Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ, ба суоли «Пас чӣ бояд кард?» посух навиштааст, «фикр мекунам, ҷои нишаст дар порлумонро агар тавсеа диҳем, нур болои нур аст. Бигзор ҷои 63 нафар 72 намоянда ба курсии парлумон биншинанд ва ба ҳар шаҳру ноҳия новобаста аз теъдоди аҳолӣ 1 мандат ҷудо гардад. Дар ин сурат, агар маҳалгароӣ барҳам нарезад ҳам, ақаллан ба диёрсолорӣ (местничество) хатти бутлон метавон кашид!».

«Фараж» идомаи мусоҳибаи Олимҷон Қурбонов, мутахассиси арсаи обу энержиро интишор дода, онро «Баҳси Узбакистон дар масъалаи Роғун беасос аст!» номгузорӣ кардааст. Ин мутахассиси соҳа пешниҳод кардааст, ки «мувофиқи мақсад мебуд, агар ирригатсия ва мелориатсия ба хоҷагии қишлоқ ва энергетикаю захираҳои обӣ - энергетикиро дар як вазорат муттаҳид шавад (масалан, Вазорати энергетика ва хоҷагии об). Таваҷҷӯҳро бояд дар мушкилоту масоили умдатарин нигоҳ дошт».

«СССР» дар шумораи ин ҳафта низ чопи рӯйхати сокинони манотиқи ҳаммарз бо Узбакистони Тоҷикистонро, ки бар асари минҳои гузошташудаи кишвари ҳамсоя фавтидаанд ва ё ҷароҳат бардоштаанд, идома додааст. Дар ин шумора номи сокинони ноҳияҳои Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳристон, ки ба навиштаи нашрия «аз минаҳои Ислом Каримовӣ талаф ёфтаанд ва ё ҷабр дидаанд», зикр шудааст. Тибқи ин рӯйхат, танҳо дар ин се ноҳияи шимоли Тоҷикистон аз соли 1999 то соли 2006 дар маҷмӯъ 12 нафар кушта ва 16 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Нашрия навиштааст, ки дар таърихи башарият назир надорад, ки 1 давлат узви ҳампаймон ва шарики худро дар бисёре аз шартномаҳои байнидавлатӣ (Паймони амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Шонҳой, ИДМ ва ғ.) бераҳмона зулм кунад: табааи онро дар даврони осоишта тавассути минаҳои зидди пиёданизом, ки истифодаи онҳо ҳатто дар шароити ҷанг мамнӯъ аст, қатл кунад. Мо ҳамаи мақтулони минаҳои марзиро, ки мутаассифона номи бархеро ҳатто хешону пайвандон фаромӯш кардаанд, бармечинем».

«Фараж» ба муносибати панҷсолагии таъсиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, ки 23-юми феврал бунёд шудааст ва мурофиаи қазияи додгоҳии се нашрияи мустақил – «Озодагон», «Фараж» ва «Азия-плюс» низ дар ҳамин рӯз оғоз гардид, ин суолро ба коршиносон матраҳ кардааст, ки «Суд ва ҷашн: чӣ таъбирест?». Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистон, дар посухи ин суол гуфтааст, ки «ба андешаи ман, қазияҳои судӣ на ба интихоботи дар пеш истода ва на ба панҷсолагии Маркази тадқиқоти журналистӣ ягон алоқамандие надоранд. Ин як тасодуф аст». Аммо Фазлиддин Асозода, ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайкон», ба санаи зодрӯзи Маркази тадқиқоти журналистӣ рост омадани ҷаласаи пеш аз судӣ нисбати ҳафтаномаи «Фараж» ва дигаронро фоли нек донистааст. Вай гуфтааст, «дар ин сана судҳо огоҳ мешаванд, ки бо Маркази таҷрибадоре сарукор гирифтаанд ва дарк мекунанд, ки «Фараж» бо собиқаи кори собиқадоронаш ҳаргиз ба хатоӣ роҳ нахоҳад дод."

Ҳамчунин, дар ин шумора нашрияи «Фараж» натоиҷи сафари Ричард Ҳолбрук, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ва Покистон, ба Тоҷикистон дар ҳафтаи гузаштаро ба баррасӣ гирифта, дар матлаби таҳлилие таҳти унвони «Эронфурӯшӣ. Ҳолбрук барои чӣ ба Душанбе омад?» навишт, «мо ҳама гуна асос барои шакку гумон дар бораи онро дорем, ки мавзӯъи меҳварии сӯҳбати дипломати амрикоӣ дар Душанбе маҳз Эрон буд. Моҳи майи соли гузашта сарвари собиқи иктишофоти низомии Исроил Арон Зеэви Фаркаш даъват кард, ки Амрикову Исроил бояд бо «кишварҳои суннимазҳаби атрофи Эрон (монархияҳои Халиҷи Форс, Озарбойҷон ва Осиёи Марказӣ), ки аз бомбаи ҳастаӣ хавф доранд, эътилоф ташкил кунанд». Ба навиштаи нашрия, "он чи Ҳолбрук дар Душанбе изҳор дошт, на он қадар ба салоҳияту вазифааш рост меояд. Чун нашрия менависад, машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Амрико 12-уми феврал дар Вашингтон баргузор шуданд. Он ҷо мешуд, ин масоилро матраҳ кард. Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Покистону Ҳиндустон ҳам ҳарфи байни худи кишварҳоянд, на Амрико ва ғ. ҳ».
XS
SM
MD
LG