Пайвандҳои дастрасӣ

Испания ва Албания маҳбусони Гуантанаморо мепазиранд


Боз ду кишвари аврупоӣ - Испания ва Албания барои қабули зиндониёни маҳбаси пойгоҳи низомии Амрико дар Гуантанамо розӣ шуданд. Мадрид эълом дошт, ки метавонад ба панҷ маҳбуси собиқ дар кишвар сарпаноҳ диҳад. Тирана изҳор намуд, ки барои қабули се зиндонӣ омода аст.
Як сол қабл Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, ваъда дода буд, ки маҳбаси пойгоҳи Гуантанаморо мебандад. То имрӯз Белгия, Фаронса, Маҷористон, Ирландия, Португалия ва боз чанд кишвари аврупоӣ омодагии худ барои қабули зиндониёни Гуантанаморо иброз доштанд.
XS
SM
MD
LG