Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои XXI зимистонаи олимпӣ дар Ванкувери Канада ҷараён доранд. Баъди натиҷагирии cездаҳ рӯзи бозиҳо намояндагони 26 кишвар медалҳои олимпӣ ба даст овардаанд.

Олмон бо касби 24 медал – 7 тилло, 10 нуқра ва 7 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ боз ба ҷои аввал баромад.Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 28 медал - 7 нишони тилло, 9 нуқра ва 12 биринҷӣ ба ҷои дуввум фуромад. Канада, ки ҳамагӣ 15 медал - 7 тилло, 6 нуқра ва 2 нишони биринҷӣ дорад, дар ҷои сеюм мебошад.

Дар маҷмӯъ, то ҳоло варзишгарони 16 кишвари олам ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Ванкувер даст ёфтаанд. Ба ғайр аз 3 дастаи пешсаф, ҳамчунин, намояндагони Норвегия, Швейтсария, Кореяи Ҷанубӣ, Австрия, Шветсия, Чин, Русия, Нидерланд, Фаронса, Ҷумҳурии Чех, Словакия, Австралия ва Бритониёи Кабир бо медалҳои тилло сарфароз шудаанд.

Аз собиқ кишварҳои шӯравӣ Русия 13 медал – 3 тилло, 4 нуқра, 6 биринҷӣ, Латвия 2 медали нуқра, Беларус 1 медали нуқра ва 1 нишони биринҷӣ, Қазоқистон ва Эстония ҳар кадом 1 медали нуқра ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG