Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё дар Шри-Ланка аз мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи мубориза барои Ҷом ва роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 маҳрум гашт.

Бозии дастаҳои Тоҷикистону Туркманистон 24-уми феврал дар варзишгоҳи «Сугатадаш»-и шаҳри Коломбо сурат гирифт. Голҳоро футболбозони туркман Арслонмурод Амонов ва Дидорқлич Урозов дар нимаи аввали бозӣ (дар дақиқаҳои 33-юм ва 42-юм) ба самар расонданд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ чунин буд: Алишер Тӯйчиев, Даврон Эргашев, Эраҷ Раҷабов, Соҳиб Сувонқулов, Фаррух Чориев, Иброҳим Рабимов, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев (Асадулло Нуруллоев, 71), Нӯъмон Ҳакимов, Ҷомихон Муҳиддинов (Дилшод Восиев, 81), Юсуф Рабиев (Даврон Тухтасунов, 76).

Дар бозии дуввуми ниманиҳоӣ мунтахаби Кореяи Шимолӣ бар тими Мянмар бо ҳисоби бузурги 5:0 ғалаба кард.

Бад-ин тартиб дар бозии ниҳоӣ, ки 27-уми феврал дар варзишгоҳи «Сугадаташ»-и Коломбо соати 18.30 бо вақти Душанбе шурӯъ мешавад, дастаҳои мунтахаби Туркманистон ва Кореяи Шимолӣ барои ба даст овардани Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё ва роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 мубориза мебаранд.

Пеш аз бозии ниҳоӣ, 27-уми феврал, соати 15.00 бо вақти Душанбе, дар варзишгоҳи «Сугатадаш» дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Мянмар барои ҷои сеюм талош хоҳанд кард. Ёдовар мешавем, ки дар сабқати гурӯҳи «А» футболбозони тоҷик ба дарвозаи Мянмар се голи беҷавоб зада буданд.
XS
SM
MD
LG