Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии шикояти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон алайҳи ҳафтаномаи мустақили «Миллат» рӯзи 11-уми март аз сар гирифта хоҳад шуд. Ва "Миллат" низ аз болои вазорати кишоварзӣ ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Дар мурофиаи муқаддамотии ин қазия имрӯз, 25-уми феврал, додраси ноҳияи Фирдавсӣ пас аз гирифтани посухи рад бароим усолиҳа аз ҷонибҳо даъват кард, ки то 11-уми март далоили худро ба мурофиаи навбатӣ ҷамъ биоваранд.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ҳудуди як моҳе пеш дар робита ба матлаби интишор намудаи ҳафтаномаи «Миллат», таҳти унвони
Вазорати кишоварзӣ: «Ҳарчанд ҳафтанома кормандони соҳаро дар истифодаи ноҷо ё дуздии беш аз 5 миллион сомонӣ муттаҳам кардааст, вале бо вуҷуди талаби исботи арқоми овардашуда, ҳафтанома ҳуҷҷатеро дар ин замина пешниҳод накардааст».
«Вазорати кишоварзӣ -фасодзадатарин ниҳод» дар шумораи 49 –ум аз 10-уми декабри соли гузашта ба додгоҳ шикоят бурда, ба сурати умум ин матлабро тӯҳмат дар ҳаққи ин ниҳоди давлатӣ арзёбӣ карда буд. Ба ин далел, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз додгоҳ тақозо кардааст, ки аз ҳафтаномаи «Миллат» барои тавҳин ҳудуди 1 миллион сомонӣ ё муодили беш аз 200 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима ситонад. Нарзулло Додобоев, сухангӯи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, низ гуфт, «ҳарчанд ҳафтанома кормандони соҳаро дар истифодаи ноҷо ё дуздии беш аз 5 миллион сомонӣ муттаҳам кардааст, вале бо вуҷуди талаби исботи арқоми овардашуда, ҳафтанома ҳуҷҷатеро дар ин замина пешниҳод накардааст».

Ин дар ҳолест, ки Зоҳири Давлат, сардабири нашрияи мустақили «Миллат», гуфт, бар иловаи он ки нашрия посухи Вазорати кишоварзиро нашр кардааст, дар муқобили иддаъои ин ниҳоди давлатӣ далели собите, аз ҷумла сабти суханронии Сафаралӣ Гулов, узви Кумитаи буҷаи Маҷлиси намояндагони парлумони Тоҷикистон, ва маводҳоеро, ки қабл аз ҳафтаномаи «Миллат» дар ин бора чоп шудааст, дар даст доранд.

Ба таъкиди Зоҳири Давлат, хабари мазкур ба асоси суханронии Сафаралӣ Гулов, раиси Кумитаи буҷаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, нашр шудааст, ки дар як ҷаласаи порлумон гуфта буд. Ба таъкиди сардабири «Миллат», суханони Гулов дар ин ҷаласа чунин садо додаанд, «дар зерсохторҳои ин вазорат оид ба хариди таҷҳизоти фаннӣ бо мақсади аз худ кардани маблағҳои давлатӣ аз ҷониби шахсони масъул, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо, бо роҳи нақдкунии маблағ тавассути ширкатҳои хусусӣ такрор меёбад. Умуман, тафтиши гузаронидашуда зарари молиявиро ба маблағи 5, 2 миллион сомонӣ ошкор сохт, ки ин нисбат ба зарари молиявии ошкоргардида дар ҷамъбасти соли 2008 ду маротиба зиёд буда, аз он танҳо 50 дарсади маблағҳо ба давлат барқарор карда шудаасту халос».

Назрулло Додобоев, сухангӯи Вазорати кишварзӣ, мегӯяд, ҳар шахс, аз ҷумла шахсони мансабдор фикру ақидаи худро дошта метавонанд,
Аз суханронии Сафаралӣ Гулов дар ҷаласаи порлумон: "Тафтиши гузаронидашуда зарари молиявиро ба маблағи 5, 2 миллион сомонӣ ошкор сохт, ки ин нисбат ба зарари молиявии ошкоргардида дар ҷамъбасти соли 2008 ду маротиба зиёд буда, аз он танҳо 50 дарсади маблағҳо ба давлат барқарор карда шудаасту халос"
аммо бар асоси қонуни матбуоти Тоҷикистон дар ин қазия манбаъи аслии паҳнкунандаи ахбор ҳафтаномаи «Миллат» аст ва ҷавобгар низ ин нашрия аст.

"Миллат" мусолиҳа намекунад?

Бад ин тартиб, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон барои ҷуброни зарари маънавиву ҳифзи обрӯву эътибори ниҳод пардохти 1 миллион сомониро тавассути ҳафтаномаи «Миллат» тақозо кардааст. Дар пайи ин "Миллат" низ дар посух аз болои Вазорати кишоварзӣ шикоят бурда, хостори ҷаримаи рамзӣ ба миқдори 1 (як) сомонӣ шудааст. Ба гуфтаи ҷониби нашрия, "пешниҳод кардани чунин аризаи даъвогии беасос ва ғаразнок таҳдиди вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии рўзнома, чун воситаи ахбори омма мебошад."

Аммо оё имкони ба мусолиҳа расидани тарафҳо дар ин қазия аст? Зоҳири Давлат, сардабири ҳафтанома, мусолиҳаро иқдоми хуб медонад. Ӯ гуфт: "мусолиҳа ҳамеша беҳтар аз низоъ аст, аммо муросо ҳалли ниҳоии масъала нест ва мо мехоҳем, ки додгоҳ қарори ниҳоии ҳалли ҳуқуқии қазияро мунсифона барорад. Мо то нуқтаи расидан ба ин хақ роҳамонро идома медиҳем."

Нарзулло Додобоев, сухангӯи Вазорати кишоварзӣ низ умедвор аст, ки бо кӯмаки додгоҳ ба як мусолиҳаи дуруст бирасанд.

Дар ҳамин ҳол, ду рӯзи пеш бозрасии даъвои додрасонҳо Нур Нуров, Улуғбек Маҳмадшоев ва Фахриддин Додометов алайҳи се нашрияи мустақили Тоҷикистон – “Азия-плюс”, “Фараж” ва “Озодагон” дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе то нимаи аввали моҳи март мутаваққиф шуд. Додрасҳо аз се нашрияи мустақили чопи Душанбе ва вакили дифоъ Солеҳҷон Ҷӯраев барои нашри як матлаби, аз нигоҳи онҳо, саропо бӯҳтону тӯҳмат маблағи бузург товон хостаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG