Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз мурофиаи додгоҳии "Миллат" шурӯъ мешавад


Имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бозрасии шикояти вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз болои ҳафтаномаи мустақили “Миллат” оғоз хоҳад шуд. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ҳудуди як моҳи пеш дар робита ба матлаби нашркардаи ҳафтаномаи “Миллат” таҳти унвони “Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод” ба додгоҳ шикоят бурда ин матлабро тӯҳмат дар ҳаққи ин ниҳоди давлатӣ хонд. Ба ин далел вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз додгоҳ тақозо кардааст, ки аз ҳафтаномаи "Миллат" барои тавҳин ҳудуди 1 миллион сомонӣ ё муъодили беш аз 200 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима ситонад. Масъулини нашрияи “Миллат” иттиҳомро рад мекунанд ва мнгӯянд, ки онҳо хабари кӯтоҳе дар мавзӯи фасодзадагии вазорати кишоварзиро бо такя ба иттилои масъулини ҳукумат нашр кардаанд.
XS
SM
MD
LG