Пайвандҳои дастрасӣ

Таассуфи Раул Кастро аз ҳалокати дигарандеш


Раҳбари Куба Раул Кастро аз ҳалокати дигарандеш Орландо Сапата Тамайо изҳори таассуф кард. Дар изҳороти вазорати умури хориҷаи Куба гуфта шудааст, ки на Сапата ва на дигаре аз маҳбусони сиёсӣ мавриди шиканҷа қарор нагирифтаанд. Сапата Тамайо аз соли 2003 ба ин сӯ дар маҳбас буд. Ӯ барои аъмоли зидди ҳукумати коммунистии Куба ба 25 соли маҳбас маҳкум шуда буд ва тақрибан се моҳ алайҳи шароити бади зиндон гуруснанишинӣ кард.
Мақомоти ИМА ва чанд кишвари аврупоӣ ба пайвандони Орландо Сапата Тамайо изҳори тасаллият кардаанд. Нозирон вокуниши раҳбари Куба Раул Кастро аз ҳалокати дигарандешро ғайриинтизор мехонанд, зеро, маъмулан, мақомоти коммунистии Куба фаъолияти дигарандешонро ташреҳ намекунанд ва онҳоро ҷинояткор мехонанд.
XS
SM
MD
LG