Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми додгоҳии собиқ муовини вазири дифоъи Қазоқистон


Собиқ муовини вазири дифоъи Қазоқистон Каҷимурод Маирманов бо иттиҳоми ришват ва берун рафтан аз сатҳи салоҳият барои 11 сол маҳкум ба зиндон шуд. Ба навиштаи расонаҳои кишвар, додгоҳ аз рӯи ин парванда ҳамчунин афсари воломақом, полковник Жартинов ва шаҳрванди Исроил Борис Шейнкманро низ маҳкум ба маҳбас кард. Ҳарсеи онҳо дар фасод зимни харидории силоҳи исроилӣ барои артиши Қазоқистон муттаҳам шуданд. Ба иттилоъи тафтишот, ҳангоми харидории баъзе навъҳои силоҳ, аз ҷумла, миномёту гаубитса, нархҳо ба карат баландтар нишон дода шуданд ва худи силоҳ бесифат буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG