Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархурди полис ва тазоҳургарон дар маркази Афина


Дар маркази Афина, пойтахти Юнон, шоми дирӯз миёни кормандони полис ва тазоҳургарон бархурд ба вуқӯъ пайваст. Кормандони полис алайҳи гурӯҳи ҷавонон, ки мехостанд бинои донишгоҳро забт кунанд, аз гази ашковар истифода карданд. Дирӯз тақрибан 30 ҳазор нафар дар Афина, дар назди бинои парлумони Юнон, алайҳи чораҳои зиддибӯҳронии ҳукумат намоиши эътирозӣ доир карданд. Дар чаҳорчӯби коршикании умумимиллӣ тақрибан 2 миллион нафар, асосан кормандони саноат, нақлиёт, хизматрасонӣ дар ҷойҳои кори худ ҳозир нашуданд.
Ҳукумати Юнон ба хотири аз байн бурдани касри бузурги буҷа тасмим гирифтааст, ки хараҷоти давлатиро ба карат кам кунад. Ин тасмим боиси эътирози мардум, ва қабл аз ҳама, кормандони муассисаҳои буҷавӣ гардид.
Ин дуввуми коршикании бузург дар Юнон дар ду ҳафтаи ахир аст.
XS
SM
MD
LG