Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз Янукович савганди президентӣ ёд мекунад


Имрӯз дар Верховная Рада, парлумони Украина, маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури тозаинтихоби кишвар Виктор Янукович баргузор мешавад. Чаҳорумин раисиҷумҳури Украина аз имрӯз расман ба ифои вазифа шурӯъ хоҳад кард.
Ба иттилоъи вазорати умури хориҷаи Украина, дар маросими савгандёкунӣ раҳбарони 11 кишвар, вазирони умури хориҷаи 15 давлат, раисони парлумони чаҳор кишвар ва раҳбарони чаҳор созмони бонуфузи байнулмилалӣ ҳузур хоҳанд дошт. Ҳайати Иёлоти Муттаҳидаро дар ин маросим ёвари раисиҷумҳур дар умури амнияти миллӣ Ҷеймс Ҷонс сарварӣ мекунанд.
Дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Украина раиси Ҳизби минтақаҳо Виктор Янукович тақрибан 49 дар сади раъйҳоро соҳиб шуда буд. Аз рақиби ӯ - сарвазири феълӣ Юлия Тимошенко севу ним дар сад камтари раъйдиҳандагон пуштибонӣ карданд.
XS
SM
MD
LG