Пайвандҳои дастрасӣ

Сайдулло Хайруллоев, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон зимни иҷлосияи охирони порлумон кори панҷсолаи Маҷлиси Намояндагонро самарабахш ва муассир арзёбӣ кард.

Оқои Хайруллоев, ки ду навбат раиси порлумон аст ва дар охирин иҷлосияи МН сӯҳбат мекард, таъкид намуд, ки Маҷлиси Намояндагон тӯли панҷ соли фаъолияташ тавонист ҳам дар бахши таҳия ва тасвиби қавонин ва ҳам ба унвони мақоми намояндагӣ дар расидагӣ ба арзу шикоёти мардум ба пешравиҳои назаррас ноил шавад.

Сайдулло Хайруллоев афзуд, бархе аз қавонине, ки аз тарафи парлумон ба тасвиб расид, аз ҷумла Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим, Қонуни омбудсмен ва ё ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ислоҳот ба Кодекси мурофиаи ҷиноӣ барои бунёди ҷомеаи навини тоҷик нақши арзишманд бозидаанд. Раиси Маҷлиси Намояндагон ҳамчунин қабули Қонуни нави забони давлатиро аз корҳои шоистаи ин навбати маҷлис унвон кард.

Намояндагони аҳзоби дигар дар Маҷлиси Намояндагон, аз ҷумла Шодӣ Шабдолов ва Муҳиддин Кабирӣ раисони ҲК ва ҲНИТ низ изҳор доштанд, ки туфайли парлумони даъвати сеюм фарҳанги қонунгузорӣ ва эҷоди қонун дар ҷомеа ҷойи по пайдо кард. Шодӣ Шабдолов гуфт, ки аммо ҳанӯз парлумон дар ҷиҳати такмили қонунгузорӣ ба таҷрибаи бештар ниёз дорад.

"Иродаи нокофии порлумон"

Аммо бархе аз коршиносон ва таҳлилгарон бар ин боваранд, ки парлумони касбии Тоҷикистон тайи панҷ соли фаъолияти худ натавонистааст мақом ва мартабаи худро ба унвони як шохаи мустақили ҳокимият собит кунад.



Латиф Ҳадязода, коршиноси мустақили тоҷик мегӯяд, парлумони Тоҷикистон иродаи кофӣ ва истиқлоли амал надошт, ки дар муҳимтарин лаҳзаҳо мустақилона вокуниш нишон диҳад. Ба ақидаи Ҳадязода мушкилоти муҳоҷирати кории мардуми тоҷик мебоист тавассути асноди ҳуқуқӣ ҳаллу фасл мешуд ва ин вазифаи умдаи ниҳоди олии қонунгузории кишвар буд, ки иҷронашуда боқӣ мондааст.

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ниҳоди доимоамалкунада буда аз 63 вакил иборат аст. Ин навбат дар парлумони Тоҷикистон намояндагон аз се ҳизб ҲХД, ҲК ва ҲНИТ ҳузур доштанд. Вале ба истиснои ҳизби ҳоким, ки аксарияти мутлақи курсиҳои маҷлисро дар ихтиёр дорад, раъй ва пешниҳоди ду ҳизби дигар чандон ба инобат гирифта намешуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG