Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2009 дар Афғонистон 346 кӯдак кушта шудааст


Имрӯз СММ гуфт, ки дар давоми соли гузашта дар Афғонистон 346 кӯдак кушта шудааст. Радҳика Кумарасвамӣ -намояндаи вижаи Дабири Кулли СММ барои кӯдакон гуфт, нируҳои НАТО куштори 153 кӯдакро бар ӯҳда доранд. 131 нафари онҳо дар ҳамлаҳои ҳавоӣ ва 22 нафари дигар дар амалиёти шабона кушта шудаанд. Радҳика Кумарасвамӣ дар ин бора баъд аз дидораш бо генерал Стейнлӣ Мак Кристал-фармондеҳи нируҳои НАТО дар Кобул изҳор доштааст. Бино ба гузоришҳо, шӯришиёни Толибон 128 кӯдакро дар Афғонистон куштаанд.
XS
SM
MD
LG