Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Видеои моро чӣ хел мешавад кӯчонд?


Мегӯянд, дар Тоҷикистон бисёриҳо гузориши видеоии ҳамкори мо Бароти Юсуфӣ аз муҳокимаи овозхон Фарзонаи Хуршедро ба телефонҳои дастии худ кӯчондаанд ва ба ҳамдигар нишон медиҳанд ё ба дӯстонашон дар ҷойҳои дигар мефиристанд.

Зимнан дар сомонаи "Озодӣ" гузоришҳои видеоии зиёде мавҷуд аст, ки аксарияти онҳо таърихиянд ва хонандагон бо сар задан ба гӯшаи "Чандрасонаӣ" ва аз он ҷо ба бойгонии видео дар поёни сафҳа метавонанд ҳамаи онҳоро бубинанд.

Аммо шикоятҳое низ ба мо расидааст, ки гузоришҳои видеоии моро намешавад, нусхабардорӣ кард ва ё ба дӯстон фиристод. Кандуков ё таҳлилу ҷустуҷӯ нишон дод, ки воқеан бархе аз браузерҳои интернетӣ чунин имкониятро намедодаанд, зеро шакл ё формати гузоришҳои видеоии мо фарқ мекунад.

Барои осон шудани кори он дӯстоне, ки чунин браузерҳо доранд, аммо мехоҳанд, гузоришҳои видеоии моро дар ройона ё компютери худ ба таври ҷудогона нухса кунанд, машварат дода будем, ки аз сафҳаи www.orbitdownloader.com нармафзори вижа бо номи orbitdownloader-ро дар ройонаи худ насб кунанд ва бо истифода аз он ҳар кадом гузорши видеоии сомонаи моро, ки мехоҳанд, ба компютери худ интиқол диҳанд.

Пасон пурсише омад, ки чӣ гуна мешавад, ин нармафзорро дар компютери худ насб кард. Аз он ҷо ки посухи хаттӣ ба чунин суол душвору печидааст, тасмим гирифтем, тамоми амалиёти заруриро барои насби нармафзор дар шакли як видеои омӯзишӣ ба таваҷҷӯҳи Шумо пешкаш кунем. Дар он худ хоҳед дид, ки ҳамаи амалиёти заруриро мешавад, қадам ба қадам анҷом дод. Умедворем, ин видео кори Шуморо осон кунад.

Orbit Tutorial
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00
XS
SM
MD
LG