Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари нозирони САҲА вориди Тоҷикистон шуд


Имрӯз хонум Пиа Кристмас Моллер-раҳбари ҳайати байналмиллалии нозирони интихоботии САҲА вориди Тоҷикистон шуд. Вай муовини раиси Маҷмаи Порламонии САҲА мебошад. Дар Тоҷикистон бештар аз 50 нафар нозирони САҲА бар ҷараёни интихоботи порламонии 28-ӯми феврал назорат мебаранд. Қарор аст раҳбари нозирони интихоботии САҲА 1-ӯми март дар Душанбе дар бораи наҳваи баргузории интихоботи порламонии Тоҷикистон нишасти хабарӣ баргузор кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG