Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ҳавопаймои Қирғизистонро водор ба нишаст кард


Қирғизистон мегӯяд, ки нерӯҳои ҳавоии Эрон як ҳавопаймои мусофирбари ин кишварро ба нишастан маҷбур намуда, ду мусофири онро боздошт кардаанд.

Ҳамин тариқ, зоҳиран маълум мешавад, ки иддаъои Теҳрон роҷеъ ба боздошти Абдумалик Регӣ, раҳбари ҷангҷӯёни суннитабори Эрон зимни сафар ба Осиёи марказӣ, воқеъият дорад.

Талайбек Турумбеков, муовини раиси ширкати давлатии ҳавопаймоии Қирғизистон “Қирғизстон Аба Ҷолдору” ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ин ҳавопаймо аз Дубай ба Бишкек парвоз мекард ва ду ҳавопаймои ҷангии Эрон онро иҳота намуда, ба нишастан дар майдони ҳавоии Бандар Аббос маҷбур каранд. Номбурда афзуд, хадамоти амниятии Эрон аз миёни 119 мусофир ду нафарро ба ҳабс гирифта, худи ҳавопайморо ҳам чанд соат нигаҳ дошта, сипас иҷоза доданд, ки Эронро тарк кунад. Назар ба хабарҳо, ин ҳавопаймо ба ширкати ҳавоии “Istok-Avia”- Қирғизистон марбут будааст.

Рӯзи сешанбе ҳукумати Эрон эълон кард, ки аснои парвоз аз Дубай ба Бишкек пешвои ошӯбгарони суннитабори Эрон Абдумалик Региро боздошт намудааст. Маълум нест, ки нафари дувуми боздоштшуда кист. Вале бар пояи иттилои расонаҳои Эрон, ӯ ҳам аз аъзои “Ҷундуллоҳ”, як гурӯҳи ошӯбгари суннитаборони Эрон аст.

“Ҷундуллоҳ” ҳам дар яке аз саҳифаҳои интернетиаш ин хабарро тасдиқ кардааст.
XS
SM
MD
LG