Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршикании Юнон ба бахшҳои мухталиф халал расонд


Имрӯз коршикании густарда дар Юнон парвозҳоро муттаваққиф кард ва ба фаъолияти мактабҳову вазоратхонаҳо ва хадамоти иҷтимоӣ халал расонд. Созмондиҳандагони коршикании 24-соата бар зидди тадбирҳои ҳукумат эътироз кардаанд ва аз ҳукумат хостаанд, ки кишварро аз бӯҳрони молӣ наҷот диҳад. Тадбирҳои ҳукумат ба муттаваққиф сохтани музди моҳона дар бахши иҷтимоӣ, боло бурдани андоз ва боло бурдани синни миёнаи нафақа аз 61 ба 63 сол мебошад. Ҳукумат мегӯяд, ки сабаби ба чунин тадбир даст заданаш ин аст, ки қарзи бузурги кишвар ва камбуди будҷаро зери назорат дарорад. Душвориҳои молии Юнон ҳафтаҳои ахир арзиши евроро ба навсон овардааст.
XS
SM
MD
LG