Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари гурӯҳи Ҷундуллоҳ чӣ тавр боздошт шуд?


Қирғизистон таъйид кардааст, ки Эрон як ҳавопаймои онро водор ба фуруд ва ду мусофири ҳавопайморо рӯзи сешанбе боздошт кардааст. Зоҳиран Қирғизистон бо ин хабар иддаои Эронро таъйид кардааст, ки ҳангоми парвоз дар масири ин кишвари Осиёи Марказӣ як тундрви баландпояи сунниро дастгир кардааст. Таалайбек Турумбеков-муовини раиси ширкати давлатии ҳавоии Қирғизистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳавопайморо ҳангоми парвоз аз Дубай ҳавопаймоҳои ҷангии Эрон водор кардаанд, ки дар шаҳри Бандари Аббос фуруд ояд. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, нируҳои амниятии Эрон аз 119 мусофири ҳавопаймо 2 нафарашро боздошт кардаанд. Баъд аз чанд соат Эрон ба ҳавопаймо иҷоза додааст, ки парвозашро ба Бишкек идома диҳад. Рӯзи сешанбе мақомоти амниятии Эрон эълон карда буданд, ки онҳо Абдулмалик Ригӣ-раҳбари мсулмонони сунниии Ҷундуллоҳро боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG