Пайвандҳои дастрасӣ

Дарси тайёрии ҳарбӣ, ки замоне дар мактабҳо фанни муҳим ва ҷолиб барои хонандагони синфҳои болоӣ маҳсуб мешуд, дар мактабҳои муосири Тоҷикистон аз чунин аҳамият бархурдор нест.

Дар яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе, ки мо аз он дидан кардем, дарси тайёрии ҳарбӣ ҳамагӣ бо чанд шиор ва овеза омӯзонида мешавад. Бо сабаби набуди мутахассиси соҳа фанни мазкурро муаллими тарбияи ҷисмонӣ таълим медиҳад.

Ин омӯзгор мегӯяд, вай ба муҳассилин аз таҷрибаи дар хизмати аскарӣ андухтааш дарс мегӯяд. Вай шикоят мекунад, ки барои гузаронидани дарсҳои амалӣ лавозимоти таълимӣ намерасад ва истифодаи аслиҳаи омӯзишӣ ба хонандаҳо аз рӯи аксҳо таълим дода мешавад.

Мутахассисони дарси тайёрии ибтидоии ҳарбӣ барои мактабҳои миёна дар факултаи махсуси Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии кишвар таълим дода мешаванд. Аммо аксари хатмкунандагони ин факулта фаъолияти худро на дар мактабҳо, балки дар дигар соҳаҳо идома медиҳанд.

Ҷумъахон Ҷобиров, яке аз хатмкунандагони Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ ва мутахассиси низомӣ аст. Вай мегӯяд, маҳз набуди шароит барои таълими тайёрии ҳарбӣ дар мактабҳои деҳот ӯро водор кардааст, ки ба шӯъбаи корҳои дохилӣ ба кор дарояд.

Вале Наврӯз Хокироев, масъули Вазорати маориф, мегӯяд, мактабҳои миёнаи кишвар бо омӯзгорони фанни таёрии ҳарбӣ соҳа таъминанд. Вай гуфт, «дар мактабҳо силоҳҳои таълимӣ намерасад, зеро дар замони нооромиҳо аксари таҷҳизоти таълимӣ гум шудаанд. Имрӯз мактабҳо тавони харидории нархи лавозимоти нави омӯзиширо надоранд».

Дар ҳамин ҳол Ҳусниябону Хушдилова, сардори раёсати корҳои тарбиявии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, мегӯяд, аксари ҷавонони имрӯз ба хизмати ҳарбӣ омода нестанд ва наваскарон шаш моҳи аввали хизматро барои омӯзиши донишҳои ибтидоии сарф мекунанд, ки бояд дар мактаб таълим дода шаванд.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки таълими босифати тайёрии ибтидоии ҳарбӣ дар мактаб метавонад таваҷҷӯҳи ҷавонон барои хизмати аскариро бештар кунад.
XS
SM
MD
LG