Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико бори дигар ба Эрон ҳушдор дод


Амрико дар робита бо барномаҳои зидду нақизи ҳастаии Эрон ба ин кишвар ҳушдор додааст, ки "таҳаммул ва вақт дар ҳоли ба сар расидан аст." Роберт Гиббс-сухангӯи Кохи Сафед бори дигар "оқибатҳо"-и ҳушдори Амрикоро такрор кард, агар Эрон тавоноии ғанисозии урани худро боло бибарад. Рӯзи сешанбе Теҳрон нахустин посухи расмии худро дар бораи пешниҳодҳо роҷеъ ба ивазкунандаи сухти ҳастаӣ ба Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ фиристод. Дар номаи худ ҷониби Эрон гуфтааст, ки омода аст барои реактори худ сӯхти ҳастаӣ харидорӣ кунад ё урани камтар ғанишудаи худро бо сӯхти ҳастаӣ бо кишваре дар иваз гузорад. Аммо кишварҳои ғарбӣ пешниҳод мекунанд, ки чунин доду гирифт танҳо дар хориҷ аз қаламрави Эрон сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG