Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Амрико аз даъво алайҳи нашрияҳои Тоҷикистон


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз даъвоҳои додгоҳӣ алайҳи панҷ нашрияи мустақил дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Сафорати Амрико дар Душанбе ин мавриди нигарониро имрӯз зимни баёнияе нашр кардааст.

Дар ин баёния омадааст, “сафорати Амрико оиди амалҳо ва даъвоҳои судӣ нисбати панҷ рӯзномаи мустақили тоҷик - Азия Плюс, Озодагон, Фараж, Пайкон ва Миллат нигарон aст. Воситаҳои ахбори умум дар таҳкими ҷомеаи босубот тавассути пахши иттилоот дар бораи фаъолияти ҳукумат, ошкоркунии беадолатӣ ва пахши таҳлилҳои мустақил нақши басо муҳиммеро мебозанд. Даъвоҳои судӣ таҳдиди қатъи маҷбурии нашри ин рӯзномаҳоро доранд, ки ин зарбаи ҷиддие ба озодии матбуот дар Тоҷикистон шуда метавонад”.

Дар баёнияи сафорати ИМА дар Душанбе ҳамчунин бо ишора ба узви САҲА будани Тоҷикистон хотирнишон шудааст, кишварҳои узви ин созмон дар таъмини ҳуқуқи хабарнигорон ва ҳимояи онҳо аз таъқиб ӯҳдадор мебошанд, то хабарнигорон битавонанд вазифаашонро иҷро кунанд.

Сафорати ИМА дар Душанбе бо изҳори нигаронии худ аз ин фароянд, аз ҳукумати Тоҷикистон хостори замонат шудааст, то низоми додгоҳӣ чун асбоби таъқиби расонаҳо ё хафакунандаи озодии сухан ба кор бурда нашавад.

ИДОМАИ БАРРАСИИ ҚАЗИЯИ СЕ НАШРИЯ

Баёнияи сафорати ИМА дар ҳолест, ки рӯзи сешанбеи 24 феврал даври дуввуми баррасиҳои додгоҳии се нашрияи мустақил, “Азия Плюс”, “Озодагон” ва “Фараж” баргузор шуд ва додрасҳои даъвогар, ки тақозои пардохти ҳудудан 5 миллион сомониро кардаанд, ҳамчунон нахостанд, бо нашрияҳо созиш кунанд ва идомаи ин баррасӣ ба аввали моҳи март мавқуф гузошта шуд.

Ду додраси Додгоҳи олӣ ва як додраси додгоҳи шаҳри Душанбе аз болои ин се нашрия ба додгоҳ шикоят кардаанд. Ба гуфтаи ин додрасон се нашрияи мазкур бо нашри изҳороти вакили дифоъ Солеҳҷон Чӯраев шаъну эътибори онҳоро тавҳин кардаанд.

ДАЪВОИ МУТАҚОБИЛИ “МИЛЛАТ” АЗ БОЛОИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИ

Ҳамчунин интизор меравад, фардо, 25 март додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ даъвои вазорати кишоварзӣ алайҳи нашрияи дигари мустақил – “Миллат”-ро баррасӣ кунад. Вазорати кишоварзӣ мудддаӣ шудааст, ки хабари нашрнамудаи ин рӯзнома дар марвиди фасод дар вазорати кишоварзӣ заминаи воқеъӣ надорад ва аз нашрияи “Миллат” хостори пардохти 1 миллион сомонӣ товони зарарӣ маънавӣ кардааст.

Дар айни ҳол нашрияи “Миллат” низ аз болои вазорати кишварзӣ бо даъвои муқобили даъво ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шикоят бурда, амали ин вазоратро хилофи “Қонуни матбуоти Тоҷикистон” унвон карда ва хостори пардохти 1 сомонӣ ҷуброн шудааст.
XS
SM
MD
LG