Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон имрӯз, 24-уми феврал, дар даври ниманиҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё дар Шри-Ланка бо мунтахаби Туркманистон қувваозмоӣ хоҳад кард.


Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Сугатадаш»-и шаҳри Коломбо соати 15.00 бо вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Бозии дуввуми ниманиҳоӣ байни дастаҳои Кореяи Шимолӣ ва Мянмар дар варзишгоҳи «Сугатадаш» шоми имрӯз соати 18.30 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ дар бозии ниҳоӣ, ки 27-уми феврал баргузор хоҳад шуд, барои дарёфти Ҷоми даъвати AFC ва роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 мубориза хоҳанд бурд. Пеш аз бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи «Сугатадаш» дастаҳои дар даври ниманиҳоӣ мағлубшуда барои ҷои сеюм талош хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG