Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозиҳои XXI зимистонаи олимпӣ дар Ванкувери Канада ҷараён доранд. Баъди натиҷагирии дувоздаҳ рӯзи бозиҳо намояндагони 26 кишвар медалҳои олимпӣ ба даст овардаанд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 26 медал - 7 нишони тилло, 9 нуқра ва 10 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ боз ба ҷои аввал баромад. Олмон бо касби 23 медал – 7 тилло, 9 нуқра ва 7 биринҷӣ ба ҷои дуввум фуромад. Норвегия, ки ҳамагӣ 17 медал - 6 тилло, 5 нуқра ва 6 нишони биринҷӣ дорад, дар ҷои сеюм мебошад.

Дар маҷмӯъ, то ҳоло варзишгарони 16 кишвари олам ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Ванкувер даст ёфтаанд. Ба ғайр аз 3 дастаи пешсаф, ҳамчунин, намояндагони Канада, Швейтсария, Кореяи Ҷанубӣ, Австрия, Русия, Шветсия, Нидерланд, Чин, Фаронса, Словакия, Австралия, Ҷумҳурии Чех ва Бритониёи Кабир бо медалҳои тилло сарфароз шудаанд.

Аз собиқ кишварҳои шӯравӣ Русия 13 медал – 3 тилло, 4 нуқра, 6 биринҷӣ, Латвия 2 медали нуқра, Беларус 1 медали нуқра ва 1 нишони биринҷӣ, Қазоқистон ва Эстония ҳар кадом 1 медали нуқра ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG