Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати дигарандеш баъди 85 рӯзи гуруснанишинӣ


Дар Куба дигарандеши маъруф Орландо Сапата Тамайо баъд аз 85 рӯзи гуруснанишинӣ дар як бемористони шаҳри Ҳавана аз олам даргузашт. Дар ин бора Комиссиюни мустақили дифоъ аз ҳуқуқи башари Куба хабар дод. Сапата Тамайо соли 2003 барои аъмоли зидди ҳукумати коммунистии Куба ба 25 соли маҳбас маҳкум шуда буд. Дигарандеши маъруф ба нишони эътироз алайҳи шароити бади маҳбас даст ба гуруснанишинӣ зада буд.
Созмони байнулмилалии Amnesty International ваё Афви Байнулмилал Сапатаро ба феҳристи 59 маҳбуси сиёсии Куба шомил карда буд.
XS
SM
MD
LG