Пайвандҳои дастрасӣ

Бо наздик шудани замони баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон бештари матолиби расонаҳои хабарӣ ва электронии минтақа ба ин рӯйдоди муҳими сиёсӣ ихтисос ёфтаанд.

Хабаргузории қирғизии «АКИпресс» бо чопи гузориши тозаи ҳайати нозирони Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА аз вазъи корзори интихоботӣ дар Тоҷикистон, фаъолияти Кумиссиюни марказии интихоботи ин кишвар зери шубҳа қарор дода шудааст. Дар ин гузориш омадааст, ки кумиссиюни мазкур аз таърихи 19 феврал бад ин сӯ дигар ҷаласа нагузаронда ва шикоёти воридаро низ баррасӣ ва нисбати онҳо тасмиме иттихоз накардаасат. Ин аст, ки ба таъкиди миссияи нозирони САҲА, шумори шикоёти расмие, ки ба Кумиссиюни марказии интихобот ё додгоҳҳо ворид шудааст, дар муқоиса ба тахаллуфоте, ки гуфта мешавад, дар ин замина сурат гирифтаааст, ба маротиб андак аст.

Ҳайати нозирони САҲА ин амрро ба далели бовар надоштани номзадҳо ба Кумиссиюни интихоботии Тоҷикистон ва додгоҳҳо талаққӣ кардааст. Ҳамчунин таъкид шудааст, ки таблиғоти интихоботӣ дар кишвар камранг буда ва қисми бештари барномаҳои се телевизиони давлатӣ, умдатан фаъолиятҳои раисиҷумҳурӣ ва иҷрои сиёсатҳои давлатро бозтоб медиҳанд.

«Раҳбари сотсиал – демократҳо нашрияро ба додгоҳ кашондааст» унвони матлабест, ки оҷонсии хабарии Осиёи Миёна - CA-NEWS (Сентралейша нюс) чоп кардааст. Ба навиштаи хабаргузорӣ, Раҳматилло Зойиров нисбат ба чопи бӯҳтономези нашрияи ҳизби ҳоким, ки шаъну эътибори йро пойин бурдааст, ба додгоҳ шикоят карда ва тақозои пардохти ҳудуди 115 ҳазор доллари амрикоӣ ҷуброни маънавӣ кардааст. CA-NEWS ба додгоҳ кашонда шудани ни нашрияро идомаи қазияҳои додгоҳии расонаҳо дар ҷараёни баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ кардааст.

Сомонаи СентрАзия.ру матлаби таҳлилеро таҳти унвони «Табъизи узбекон дар Осиёи Марказӣ, ҳамчун вижагии сиёсати миллии низомҳои идорӣ» мунташир кардааст, ки бештар ба масоили муносиботи Тоҷикистон ва Узбакистон дар ин авохир, ихтисос ёфтааст. Ба навиштаи муаллифи мақола Анвар Каримов, аз бахши ҷавонони Ҳизби ҷунбиши мардумиии Узбакистон «Бирлик» табъизи бисёрсолаи узбакон дар Тоҷикистон, дар раванди баргузории интихоботи парлумонии ин кишвар бештар собит шудааст.

Анвар Каримов менависад, миёни номзадҳои интихоботи 28 феврал, ки 8 ҳизби сиёсӣ ва ҳатто писари 23-солаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ширкат доранд, ҳеҷ як аз намояндагони ақаллияти узбак ба назар намерасад. Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи муаллиф узбакон дар Тоҷикистон 20 дарсади ҷамъияти ин кишварро ташкил медиҳанд. Муаллиф чунин бархурди давлати Тоҷикистон бо узбаконро маҳсули мухолифатҳо бар сари сохтмони нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун донистааст.

Сомонаи видиоии «СТАН ТВ» аз қавли коршиносони байналмилалӣ навиштааст, ки на камтар аз 30 дарсади парлумони Тоҷикистон бояд аз занон ташкил шавад. Аммо ба навиштаи сомона бо вуҷуди баргузории интихоботҳо дар чанд соли ахир парлумони Тоҷикистон то ҳол ба ин сатҳ нарасидааст. Ин дар ҳолест, ки сомона менависад, ҳарчанд дар маҷмӯъ 29 зан ба унвони номзад тавассути аҳзоби сиёсӣ, он ҳам ҳизби ҳокими халқӣ - демократ ва ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳамчунин аз тариқи худпешбарӣ дар интихоботи парлумонӣ муаррифӣ шудаанд, вале баъид ба назар мерасад, ки ҳамаи ин занон вориди парлумони Тоҷикистон шаванд. Зеро ба таъкиди коршиносони байналмилалӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба ширкати занон дар умури мудирият дар Тоҷикистон ҳамчунон ночиз аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG